Ҷашни ваҳдати миллӣ муборак бошад!

 

 «Бояд гуфт, ки истиқлолият ва ваҳдат дар таърихи навини халқамон  ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи  ҳаёти давлатамон заминаи асосӣ гузоштанд» 

Эмомалӣ  Раҳмон.

 

Ба ифтихори  ҷашни ваҳдати миллӣ  тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон  ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро шодбош гуфта, ба хонадони ҳар кадоми онҳо осоишу хушбахтӣ, сулҳу субот, саломатии қавӣ ва дар ҳамаи  ҷодаи  фаъолият корҳои пурсамар баҳри  рушди Ватани азизамон таманно дорем.

27 июни соли 1997  ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон  ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

Халқи азизи Тоҷикистон хуб дар хотир дорад, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони амиқ рӯбарӯ гардид.

Азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзӣ ва музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997, яъне  25 сол қабл,  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Бале иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддас мебошад, ки тамомму пешравиҳою комёбиҳои давлатамон ва рӯзгори мардумамон  аз он ибтидо мегирад.

Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи сарвари мамлакатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ѐфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон омилҳои зиёди таҳкимбахш

дорад. Амалияи ваҳдати миллӣ дар ҳаёти давлат ва ҷамъият кайҳост, ки самараҳои хеле хуби арзишманд ба бор овардааст. Муҳимтар ва пеш аз ҳама ягонагии  қавлу амали Президенти мамлакат боиси мустаҳкам гардидани вахдати  миллӣ  гардидааст.

Қайд кардан зарур аст, ки гуфтушуниди тоҷикон ва сулҳи тоҷикону тоҷикистониҳо ба ном ва кӯшишу ғайрати бевоситаю ҷоннисории Сарвари давлат Эмомалӣ  Раҳмон пайвастагии  зич дорад.

Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

Хусусан дар шароите, ки таҳдиду хатарҳои нав, пеш аз ҳама  паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус дар тамоми олам халқи тоҷикро  ин рӯзҳои сахт набояд дилшикаставу ноумед гардонад. Зеро ин рӯзҳои мушкил низ мисли дигар давраҳои сахту сангин ҳатман мегузаранд. Бемории коронавирус нишон дод, ки  корнамоии халқи тоҷик дар чунин рӯзҳои вазнин қобили таҳсин аст, чунки маҳз чунин фарзандони тоҷик бисёранд, ки худро дар канор нагирифта кумаку ғамхории хешро пеша карда ба маъюбону бепарастор,  беморону шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат дасти ёрии худро дароз карданд. Итминони комил дорем, ки  бо шарофати  саъю кушиши тамоми халқи тоҷик мо метавонем  ин мушкилии вобаста  бемории сироятии  коронавирусро  низ паси сар хоҳем кард.

 

«Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад».                                           

                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

 

Бори дигар Рӯзи ваҳдати миллиро ба кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон табрик гуфта, ба ҳар хонадони мардуми шарифи Тоҷикистон, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоем.

Ваҳдати ҷовидонаи миллӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

 

Хадамоти назорати давлатӣ дар сохаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

 

Яндекс.Метрика