Ҳифз ва бехатарии меҳнат омили пешрафти ҷомеъа

Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд.

Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд.

Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.
Мавриди зикр мебошад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ  6 ноябри соли 1994 қабул карда шуд ва тибқи талаботи моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Дар ин замина бояд қайд намуд, ки коре, ки ҳар як шаҳрванд интихоб менамояд ё тибқи ихтисосаш ба он кор шуруъ менамояд, бояд кори интихобнамудаи шаҳрвандон аз ҳисоби санитарӣ, гигиенӣ ва бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯй бошад.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар авали солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 майи соли 1997 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро қабул намуд, ки муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқамандро ба танзим дароварда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, муқаррар намудани кафолатҳои камтарини ҳуқуқ ва озодиҳо дар соҳаи меҳнат равона карда шуда буд.

Баъдан Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав 23 июли соли 2016, №1329 қабул карда шуд.

Ҳамзамон ҷиҳати пешрафти ҷомеъа ва ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ байни корфармоёну кормандон, ки самти асосии назоратии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ҳисоб меравад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро бо қарорҳои дахлдори худ тасдиқ намуд, аз ҷумла:

— «Тартиби гузаронидани тафтиш ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ» аз 5 июли соли 2014, №462.

-«Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабани бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон» аз 21 октябри соли соли 2014, №661.

— «Қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хӯроки табобатию профилактикӣ, либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ, таъмин намудани кормандон бо воситаҳои ҳифозати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо» аз 6 сентябри  соли 2014, № 592.

— «Руйхати корҳо, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашонидан иҷозат дода мешавад» аз 4 марти соли 2014, №169.

— «Руйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашониданн онҳо иҷозат дода мешавад» аз  4 апрели соли 2017, №179.

— «Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад» аз 31 декабри соли 2002 №521.

— «Қоидаҳои гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯи шарити меҳнат» аз 3 июли соли 2014, №429 ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқи оид ба масъалаҳои меҳнат.

Бояд қайд намуд, ки ҳамаи ин санадҳои меъёрӣ ба хотири баланд бардоштани савияи дониши корфармоёну кормандон ва таъмини кори бехатару безарари кормандон ба тавсиб расонида шудаанд. Ҳамзамон ин санадҳои меъёрӣ оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ҷиҳати пешрафти ҷомеъа таъсири назаррас мегузоранд.

Яъне агар тариқи мисол гирем корфармо ба фаррош, ки ҳоҷатхонаҳои умумии корхонаро тоза мекунад, либосу дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ надиҳаду ӯ бо либосҳои хонагии худ ин коррро анҷом диҳад ва дар натиҷа ягон микроб ё паразит дар либосҳои вай часпаду ӯ ба хонааш равад ва 5 фарзанд дорад, ки ин фарзандҳо дучори ҳар гуна бемории сироятӣ шаванд.  Бинед, ки чи қадар зарар ба саломатии аҳолии ҷумҳурӣ мерасад.

Мисоли дигар: корфармо кормандонеро, ки дар корҳои хатарнок, аз ҷумла дар баландӣ кор мекунанд бо миёнбанди эҳтиётӣ ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ таъмин наменамояд ва корманд дар натиҷаи ҳодисаи нохуш аз баландӣ афтида ҷароҳат мебардорад ё ба ҳалокат мерасад. Дар ин маврид бинед, ки барои  таъмин накардани як миёнбанд ё тоскулоҳу дигар воситаҳои муҳофизатии тахминан арзишашон 50 ё 100 сомонӣ чи қадар корфармо зарари моддию маънавӣ мебинад ё корманд ба маъюбию марг дучор мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии қаблан зикршуда, ки назорати риояи онҳо ба зиммаи Хадамот мебошад, як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуд.

Яъне, агар танҳо оид ба тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва пардохти ҷуброни зарар вобаста ба бад шудани саломатӣ ё фавти корманд гирем, аз ҷониби Хадамот аз давраи соли 2015 то инҷониб дар 501 ҳолати рух додани ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ тафтиш гузаронида шудааст. Аз натиҷаи тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба шахсони дар натиҷаи ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ҷароҳат бардошта ё ба ашхоси ғайри қобили фавтидагон маблағи 8694739 сомонӣ таъин карда шуд.

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пайваста доимо ҷиҳати баланд бардоштани савияи маълумотнокии ҷомеъа оид ба санадҳои меъёрии соҳаи меҳнат ва бехатарии меҳнат корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст.

 

                                         Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи

                                         меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика