Эълон!!!       

   Ба диққати шаҳрвандон  расонида мешавад, ки  тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ аз 16 марти соли 2022, №362 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон гардидааст, ки то ҳол идома дорад.

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2022, №187  «Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» баҳсҳо вобаста ба татбиқи мораторий ба санҷишҳо аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

Ҳамзамон ба ҳамаи шарвандон иттилоъ дода мешавад, ки ҳангоми зарурият оиди гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ барои ҳалли мушкилоту баҳсҳо дар самти муносибатҳои меҳнатӣ ва пардохти саривақтии музди меҳнат, оиди поймол намудани ҳуқуқҳои меҳнатӣ аз ҷониби корфармо аз ҷумла; напардохтани музди меҳнат, бе асос надодани рухсатии меҳнатӣ, напардохтани музди меҳнат барои кори шабона ва иловапулиҳо ва ғайраҳо метавонанд ба  Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва зерсохторҳои он дар маҳал муроҷиат намоянд.
1. Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 231-49-19, 231-47-73, 231–11-61, khadamotmehnat@khnm.tj
2. Бахши  Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ — 908-50-31-07, khadamotimehnatvmkb@khnm.tj 
3. Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд 83422-6-43-40, 83422-6-47-71, 927-62-33-33; khadamotimehnatsugd@khnm.tj
4. Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон 83222-2-54-16, 83222-2-40-93,

905-70-71-71; khadamotimehnatkhatlon@khnm.tj
5. Шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе 372-31-83-73, 919-27-63-17; khadamotimehnatdushanbe@khnm.tj
6. Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Ҳисор 918–77–34–11;

khadamotimehnathisor1@khnm.tj
7. Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Ваҳдат 83136-2-63-20, 918-69-28-19; khadamotimehnatvahdat@khnm.tj
8. Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Рашт 934–64–24–55;

khadamotimehnatrasht@khnm.tj

  1. Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кулоб 918-18-03-14.

 

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 

Яндекс.Метрика