Тафриқабандии музди меҳнати кормандони хориҷӣ нисбат ба кормандони  ватанӣ

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои назорату санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, анҷом медиҳад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатиро танзимкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дорои моддаҳое ҳаст, ки масъалаҳои меҳнат, аз ҷумла музди меҳнатро ба таври мушаххас инъикос мекунад.  Кодекси меҳнати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи масъалаҳои асосии меҳнатро ба таври инъикос намуда,  ҳуҷҷати  асосии  танзимкунандаи муносибатҳои   меҳнатӣ   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои кори якхела музди меҳнати баробарро кафолат дода, дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудиятро манъ менамояд.

Мутобиқи Конвенсияи Созмони байналмиллалии меҳнат аз 1 июли соли 1949, №95 музди меҳнат  —  новобаста аз ном ва усули ҳисобкунӣ, ҳар гунна подош ва ё ҳама гунна даромад мебошад, ки бо пул ҳисобӣ шуда, бо қонунҳои миллӣ ва ё созишномаҳо муқаррар гардида, мувофиқи шартномаҳои хаттӣ ва ё шифоҳии кирояи корфармо бо корманд барои кори иҷрошуда ва ё иҷрошаванда, ё хизмати расонидашуда ва ё расонидашаванда пардохт карда мешавад.

Ҳамзамон, қисми 2 моддаи 140 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва конвенсияи мазкур сарчашма гирифта, дар пардохти музди меҳнат табъизро манъ намуда, корфарморо уҳдадор менамояд, ки ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш музди меҳнати якхела диҳад. Ба зарари корманд тағйир додани шарту шароити пардохти музди меҳнат манъ аст.

Мутобиқи моддаи 142 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнат аз ҳиссаҳои доими ва тағйирёбанда иборат мебошад.

Ҳиссаи доимии музд аз  ҳиссаи  соатбайъ  ва ё  моҳонаи  меъёрҳои тарифи (маош) иборат аст.

Ҳиссаи тағйирёбандаи музд ба натиҷаҳои кор вобастагии зич  дошта, иловапулиҳои   гуногун,  мукофотпулиҳо, ҷубронпулиҳо  (барои  дараҷаи тахассус,  собиқаи корӣ,  аз рӯи натиҷаҳои кори солона, унвони илми ва ғайра)  ва  мукофотпулиро  (барои сифати баланди кор,  барои аз миқдор зиёд баровардани маҳсулот) дар бар мегирад.

Андозаи музди меҳнат бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешавад. Музди меҳнат камтар аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат буда наметавонад ва бо ягон ҳадди аксар маҳдуд карда намешавад.

Низоми пардохти музди меҳнат, андозаи ставкаҳои тарифӣ, маошҳо ва дигар намуди музддиҳиро муайян мекунанд:

— барои кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд — санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— барои кормандони ташкилотҳои маблағгузориашон омехта (қисман маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ва қисман аз фаъолияти соҳибкорӣ) — санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотҳо;

— барои кормандони дигар ташкилотҳо — шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотҳо.

Бо назардошти масъалахои аз ҷониби қонунгузорӣ танзимкунанда, ки дар боло зикргардида, дар мутобиқатии ба талаботи қонунгузорӣ ба роҳ мондаи фаъолияти меҳнатӣ кафили самаранокии истеҳсолот баланд гардидани сатҳи иҷтимоии кормандон ва ҳам корфармо ба ҳисоб меравад.

Рушди бозори меҳнат ва низоми муносибатҳои меҳнатӣ аз риоя ва иҷрои саривақтии талаботи қонунгузорӣ вобастагии калон  дорад. Дар риоя ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ ҳам корфармо ва ҳам кормандон масъулият доранд.

Назорати иҷрои муқаррароти қонунгузорӣ мунтазам таҳти назорати мақомоти ваколатдори давлатӣ қарор дорад.

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Яндекс.Метрика