Сулҳу ваҳдат ва ғояҳои ватанпарварии мардуми бошарафи тоҷик – силоҳи абадқудратест бар зидди ҳар гуна зуҳуроти хатарноки замони муосир.

 «…На теғи Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи хунрези Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на манораҳое, ки дигарон аз сари тоҷикон сохтанд, азму иродаи истиқлолхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пояндаи фарҳангии ачдодони моро шикаста натавонист».

                                                                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

 

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мо ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудем, ки арзишмандтарини он Ваҳдати миллӣ ва сулҳи комил маҳсуб меёбад.

Бояд зикр намуд, ки маҳалгароӣ, бегонапарастӣ, тамоюлҳои геополитикии ҷаҳони имрӯза – экстремизм, терроризм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Сарвари давлат ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омилҳо ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол таъкид намудааст.

Инсоният дар симои терроризм бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.

Шарти муҳимми ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад.

Аз ин рӯ, дар паёми навбатиаш ба Маҷлиси Олӣ 29 декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999, яъне 23 сол пеш қабул шуда буд, вобаста ба талаботи замон ба такмил ниёз дорад.

Аз ин рӯ ба вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қонуни зикршударо дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Мусаллам аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти созмонҳои экстремистиву террористӣ мебошад.

Ҳарчанд ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда солҳои охир қочоқи маводи мухаддир ба кишвар то андозае коҳиш ёфтааст, афзоиши воридоти дигар намудҳои маводи нашъаовар, ки ба саломатии инсон зарари бештар дорад, ба назар мерасад.

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук вазифадор карда мешаванд, ки доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ чораҷӯӣ намуда, корро ҷиҳати пешгирии воридоти маводи нашъаовари сунъӣ боз ҳам тақвият бахшанд.

Яке аз зуҳуротҳое, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи рӯзмарра табдил ёфтааст ва ба сулҳу ваҳдати милл хатарнок аст, ин терроризим ва экстремизм мебошад. Барои дарк кардани моҳияти ин зуҳурот ба мо баррасӣ намудани таърихи пайдоиш, шаклгирӣ ва намудҳои он лозим меояд.

Экстремизм – аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон — дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Истилоҳи «Терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» сарчашма гирифта, маъноаш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Терроризм ва экстремизм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.

Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ якчанд намудҳои терроризмро пешниҳод гардидааст:

  • терроризми мухолифони давлат, терроризми давлатӣ, терроризм чун самти сиёсати сатҳи давлатӣ;
  • терроризми фардӣ, -нисбати шахси муайян;
  • терроризми оммавӣ – нисбати шахсони ногаҳонӣ;
  • терроризми ҷиноятӣ.

Тероризм ва экстремизм вобаста ба асолат ва моҳияти худ аз ҷумлаи он амалҳо ва падидаҳои нохубе мебошад, ки барои дилхоҳ давлатҳо хатарҳои навро эҷод менамояд. То ба имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин падидаҳои номатлуб дар кишварҳои ҷаҳон мавриди тадқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Ба ақидаи қисме аз ин олимон пайдоиш ва зуҳури чунин амалҳои барои ҷомеаи ҷаҳони хавфнок, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобастагии амиқ дорад. Дар ҷои дигар бошад зуҳури чунин падидаҳоро ба ангезаҳои сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

Ба андешаи мо, сабаби рух додани чунин ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон бо мактаб, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки боиси ба дарсшиканӣ роҳ додани ҷавонон ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад, дида мешавад.

Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ ва терористи зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.

Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем. ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошем набояд зудбовар, содда ва фирефтаи суханҳои дурӯғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил шавем.

Бояд зикр намуд, ки маҳалгароӣ, бегонапарастӣ, тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрӯза – экстремизм, терроризм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Сарвари давлат ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омилҳо ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол таъкид намудааст.

Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

 

 

                                                          Хадамоти назорати давлатӣ

                                                          дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират

                                                          ва шуғли аҳолӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика