Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Наврӯзи байналмиллалӣ

Имрӯз, санаи 18 марти соли 2023 дар Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба муносибати Наврӯзи байналмиллалӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Маҳмадзода С.М. ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки Наврӯзи аҷам бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 сол инҷониб дар соири кишварҳои дунё ба сифати иди баҳору зебоӣ, пирӯзии нур бар зулмот, оғози кишту кору бедории табиат таҷлил карда мешавад. Сардори Хадамот ёдовар шуд, ки 30 сентябри соли 2009 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии як қатор кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҷашни аҷдодии мо бо қарори Маҷмааи умумии СММ ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии башарият ЮНЕСКО ворид карда шуда, мақоми байналмиллалӣ касб кард.

Доир ба моҳияти мақоми ҷаҳони касб намудани Наврӯзи фархундапай сухан ронда, Сардори Хадамот қайд  кард, ки иқдоми мазкури , дар баробари дигар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ташаббусҳои ҷаҳонияшон дар самти муаррифии фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва баланд бардоштани обруву нуфузи давлат соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштааст.

Сипас мутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат Меликзода Бахтиёр доир ба таърихи ҷашнгирӣ ва моҳияти Наврӯз маъруза карда, аз ҷумла зикр намуд, ки  Наврӯз ки ҷашни табиист, имконияти хеле зиёд дорад, ки барои барномаҳои созанда чанд дарсади дигар аз иродаҳову хостаҳои инсонҳо афзуда шавад ва як барномаи  созандае барои тамоми дунё гардад. Аз ҷумла дар мавзуи гуфтугуи  тамаддунҳо, ки ҷони фалсафаи Наврӯз аст.

Дар фарҷоми чорабинӣ Сардори Хадамот ҳозиринро бори дигар бо фарорасии ҷашни аҷдодӣ муборакбод намуда, дар кору пайкор ва фаъолияти касбӣ пеша кардани шиори арзишманди ниёгонамон «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек», ки сармояи фалсафаи инсонпарваронаи аҷдоди озодазодагон ба шумор меравад, таманно кард.

Бигузор  Наврӯзи имсола ба диёри куҳанбунёдамон воқеан ҳам бо қадамҳои хуҷаста ояду файзу баракат ато намояд ва ҳамаи умеду орзуҳои некатон ҷомаи амал пӯшад.

Наврӯзи оламафрӯз  муборак бошад!

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Яндекс.Метрика