Бо шикояти корманд аз корфармо 3047,43 сомонӣ рӯёнида шуд.

 

Мирзоев Рустам Маҳмадалиевич собиқ корманди ҶДММ «Сомон Сайр» зимни муроҷиаташ ба Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳуқуқҳои ӯ аз тарафи директори ҶДММ «Сомон Сайр» Олимов Шералӣ Ҷонмаҳмадович поймол гардидаанд.

Дар асоси шикояти шаҳрванд Мирзоев Рустам Маҳмадалиевич,  собиқ корманди ҶДММ «Сомон Сайр»  аз 06 августи соли 2021, Ш/206, ки ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 11 августи соли 2021, №94, ба Хадамот ворид гардида буд,  бо Фармоиши Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз ҷониби сардори шӯъбаи экспертизаи давлатии шароити меҳнати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шарифзода Муҳаммадшо Муносиб дар ҶДММ «Сомон Сайр» бо огоҳии пешакии директори ҷамъият Олимов Шералӣ Ҷонмаҳмадович, оид ба ҳолатҳои напардохтани музди меҳнати шаҳрванд Мирзоев Рустам Маҳмадалиевич, санҷиши ғайринақшавӣ гузаронида шуд.

Дар рафти санҷиши ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ муайян гардид, ки корфармо бар хилофи талаботи қисми 1 моддаи 140 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, беасос музди меҳнати корманд Мирзоев Рустам Маҳмадалиевич-ро аз моҳи майи соли 2021 аз ҳисоби музди маоши корманд то санаи 19 августи соли 2021 дар ҳаҷми 2963,64  сомонӣ пардохт накардааст.

Ҳол он ки мутобиқи талаботи ин моддаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо вазифадор аст новобаста аз вазъи молиявиаш ба корманд барои кори иҷронамудааш сари вақт музди меҳнати муқаррарнамударо пардохт намояд.

Дар баробари ин, мутобиқи моддаи 158 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамал дар бораи пардохти музди мехнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат, ки бо Фармоиши Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2008, №75 тасдиқ гардидааст, агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз муҳлати муқарраргардида дертар пардохт карда шавад, ӯ вазифадор аст ба андозаи баҳраи бонкӣ, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавчуд аст, барои ҳар як рӯзи батаъхирмонии пардохти музди меҳнат маблағи иловагӣ пардохт намояд.

Дар давраи санҷиш баҳраи бонкӣ 10,75% ташкил медод. Қарзи музди меҳнат ва ҷубронпулии истифоданашудаи рухсатии меҳнатии корманд ба ҳолати 19 августи соли 2021 дар маҷмуъ 2963,64 сомониро ташкил намудааст. Барои ҳар як рӯзи таъхири пардохти музди меҳнат маблағ бо чунин тарз ҳисобӣ карда мешавад.

Маблағи иловапулӣ барои 96 рӯзи ба таъхир мондан (аз 09 феврали  соли 2021 то 28 майи соли 2021), 2963,64 сомонӣ * 10,75% бахраи бонки = 318,59 сомонӣ : 365 руз дар як сол =0,87 сомонӣ * 96 рӯзи ба таъхир мондан) 83,79 сомониро ташкил медиҳад.

Аз ин лиҳоз, корфармо вазифадор карда шуд, ки тибқи муқаррароти қисми 5 моддаи 158 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамал дар бораи пардохти музди меҳнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат, музди меҳнати иловаги 83,79 сомониро ташкил менамояд, пардохт намояд.

Тибки муқаррароти қисми 1 моддаи 134 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саривакт напардохтани музди мехнати кормандон нисбати Директори Ҷамъияти мазкур Олимов Шералӣ Ҷонмаҳмадович ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шуд.

Дар рафти санҷиш маблағҳои музди меҳнати Мирзоев Рустам Маҳмадалиевич ба маблағи (2963,64 сомони қарзи музди меҳнат + 83,79 сомони музди иловагӣ барои батахир андозии музди меҳнат) 3047,43 сомонӣ ҳисобӣ шуда, аз ҷониби ҷамъият ба номбурда бо пуррагӣ пардохт карда шуд.

 

 

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика