БЕАСОС АЗ КОР ОЗОД НАМУДАНИ КОРМАНД БОИСИ БА КОРФАРМО ТАЪИН КАРДАНИ ҶАРИМАИ МАЪМУРӢ ГАРДИД

Аризаи шикоятии шаҳрванд Элбегиев Сафармаҳмад, собиқ устои таълимии истеҳсолии Муассисаи давлатии Литсейи касбии саноатӣ ва кимиёии шаҳри Левакант  дар Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз муроҷиати шаҳрванд Элбегиев Сафармаҳмад бармеояд, ки номбурда бо фармоиши директори Муассисаи давлатии Литсейи касбии саноатӣ ва кимиёии шаҳри Левакант  Ашуров Қурбон аз 03.04.2020, №37 дар асоси талаботи сархатҳои 2, 3 ва 4 қисми 1 моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи устои таълимии истеҳсолӣ аз кор озод карда шудааст.

Аз тарафи мутахассисони Раёсати вилоятии Хадамот аризаи шикоятии шаҳрванд Элбегиев С. оиди ба ҷойи кори пештара барқарор намудан ва ба қайд гирифтани бемории фишорбаландӣ ҳамчун ҳодисаи нохуш дар ин муассиса мавриди  санҷиш қарор дода шуд.

Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида муайян карда шуд, ки Элбегиев С. бархилофи талаботи сархатҳои 2, 3 ва 4 қисми 1 моддаи 42 ва моддаи 44 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бе пешниҳоди хулосаи тиббӣ оид ба вазъи саломатиаш, бе додани муҷозоти интизомии пешакӣ барои  ба кор наомадан ё иҷро накардани ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ва бе розигии иттифоқи касаба ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудааст.

Мувофиқи талаботи сархатҳои 2, 3 ва 4-и қисми 1 моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши директори муассиса тибқи санади эътиноии Хадамот бинобар сабаби асоси қонунӣ надоштанаш, беэътибор дониста шуд ва  шаҳрванд Элбегиев С. аз ҷониби корфармо дар асоси санади дахлдор ба ҷойи кори пештарааш барқарор карда шуд.

Ҳамчунин, нисбати директори муассисаи давлатии «Литсейи касбии  саноатӣ ва кимиё»-и шаҳри Левакант Ашуров Қурбон барои риоя накардани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат тибқи талаботи моддаи 98-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои ғайриқонунӣ аз кор озод намудани Элбегиев С.) ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шуд.

 

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика