ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ РАСМИИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ! Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (минбаъд — Хадамот) мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои назорату санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият (минбаъд, ташкилот), соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, анҷом медиҳад.

Ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон муборак!

«Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

                                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони азизу гиромиқадр!

Илму фарҳанг аст Истиқлол,

Таҳти авранг аст Истиқлол.

Ҳамватан, баҳри ману ту,

Парчами нанг аст истиқлол.

Ҳаммаи ҳамватанонро аз самими қалб бо 29-умин солгарди Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба Шумо азизони дил, хонаи  обод,  рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони ягонаамон пешрафту ободӣ орзумандем. Бигузор ҷашни истиқлолият ба кишвари мо шукуфоӣ ва пешравии ҳамаҷониба ва  саодату пирузии комил оварад ва саҳми  мардуми шарифи тоҷик дар тараққиёти фарҳангу иқтисодиёти Тоҷикистон  босазо бошад. Муборак бодо Истиқлол!

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 29 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷӯъ  пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор  гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани  сатҳ  ва  сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти  босуръати  илму  техника   инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогирии равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту нуҳ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Истиқлол чун олитарин меҳмони пурфайзу пурсаховат бар хони кишвари тоҷикон соли 1991 қадам ранҷа намуд. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду давлат орому миллат дилшод гардид. Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд, мулоҳизакор будани миллат имрӯз Точикистонро тамоми мамлакатхои ҷаҳон мешиносанд. Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишвархои чаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлол аст.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.

Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки имруз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омузиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори хар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву  фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд. Имруз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол нашиносад. Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 29-солагии истиқлоли миллй ҳамаҷониба барои ободкорй ва ҳамзиштии осоишта кӯшиш менамояд.

Хамватанони  гиромӣ!

Бори дигар Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ   29- умин солгарди Истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистонро бароятон самимона шодбош мегӯяд! Бигузор комёбиҳои Шумо раҳнамое барои рушди Ватанамон бошад! Тоҷикистони азизамон бошад доимо осмони пурсафо, саҳроҳои пурфайз ва мардуми созандатар дошта бошад.

Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

                                                             Хадамоти назорати давлатӣ дар сохаи меҳнат,

                                                             муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика