ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ РАСМИИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ! Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (минбаъд — Хадамот) мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои назорату санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият (минбаъд, ташкилот), соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, анҷом медиҳад.

Ҷаласаи Шӯрои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020»

«Назорати риояи қонунгузории меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти таъмини саривақтии ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон ҳадафи мост!»

         13 июли соли 2020 ҷаласаи васеи Шӯрои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020» бо иштироки  сарпарасти соҳа, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло, раиси Шӯрои Хадамот муҳтарам Муродзода Дустмурод Ҳайит, аъзои Шӯрои Хадамот — муовини Сардори Хадамот Қадамов И.Н., сардорони шуъбаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат Шарифзода О.Р., назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират Ҷумъазода П.М., сардори раёсати Хадамот дар вилояти Суғд Қодири А.С., муовини сардори раёсати Хадамот дар вилояти Хатлон Бобозода Ҳ.К., кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамот ва кормандони шуъбаи Хадамот дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласа нахуст маърӯзаи муовини Сардори Хадамот Қадамов И.Н.«Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020»  шунида шуд. Дар маърӯзаи ҳисоботӣ тамоми самтҳои фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2020, дастовардҳо, пешравиҳо, камбудиҳо, роҳҳои ҳалли онҳо аз ҷониби раёсат, шуъба ва бахшҳои Хадамот мавриди муҳокима қарор гирифта, барои андешидани чораҳои зарурӣ, дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар музокираи маърӯзаи ҳисоботӣ сардорон ва мудирони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории Хадамот дар маҳал суханронӣ  намуда, доир ба дастовардҳо, проблемаҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо ибрози ақида намуданд.

Баъд аз музокира аз ҷониби сарпарасти соҳа, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло саволу ҷавобҳо оид ба самтҳои  фаъолият, аз ҷумла  ошкорсозии саривақтӣ ва бартарафсозии қарзи музди меҳнат, пешгирӣ ва рафъи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, тартиби гузаронидани санҷишҳо, дар рафти санҷишҳо бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидан, ёрии амалию методӣ расонидан ва дигар супоришу тавсияҳои дахлдор барои пешравии кори Хадамот доир гардида, баҳри  беҳтар намудани фаъолият дар нимсолаи дуюми соли 2020 бо назардошти таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019  бармеоянд, инчунин таъмини иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика