ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ РАСМИИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ! Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (минбаъд — Хадамот) мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои назорату санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият (минбаъд, ташкилот), соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, анҷом медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои маҳбубу сулҳпарвар

Имруз санаи 16 ноябри соли 2021 бахшида  ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашнвораи  тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷашнвораи тантанавӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон –Пешвои маҳбубу сулҳпарвар» бо як ҳисси баланди ифтихор аз ватандориву ватандӯстӣ   ва муқаддасоти миллӣ  бо садои  суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

Дар оғози ҷамъомад  Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Муродзода Д.Ҳ. ҳамаи кормандони соҳаро ба ифтихори гиромидошти рӯзи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик намуда, ба онҳо сулҳу оромӣ,  меҳру муҳаббат  ва  барору муваффақиятҳои беназир дар фаъолияти кориашон таманно намуда изҳор дошт, ки  таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат аст.

Муродзода Д.Ҳ. ҳамчунин қайд намуд, ки  тақдири миллати тоҷик дар  Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ҳал гардида, дар ҳамин ҷаласа аввалин сухан, аввалин ҳадаф ва аввалин қадам ба сӯи сулҳ, оромӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон гузошта шуд. Маҳз дар ичлосияи мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит кард, ки Пешвои миллат аз зумраи он сарвароне мебошанд, ки ҳастии хешро барои мардум ва зиндагии шоистаи он бахшиданд.

Дар ҷамъомад инчунин мутахассиси пешбари шӯъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират  Одиназода Х.Н. дар бораи иди расмии  рӯзи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза кард.

Дар фарҷоми чорабинӣ Сардори Хадамот бори дигар ҳамаи кормандонро бо  рӯзи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шодбош гуфта, бори дигар қайд намуд, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳу рии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои барҷастаи Асосгузори

сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан мебошад.

Ҷашнвораи тантанавӣ ба ифтихори  гиромидошти Рӯзи Президент  бо қироати зиндаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокдорон ба анҷом расид.

                                        Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

                                        муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика