ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ РАСМИИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ! Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (минбаъд — Хадамот) мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои назорату санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият (минбаъд, ташкилот), соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, анҷом медиҳад.

Шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар минтақаи Ҳисор.

Аз ҷониби бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар дар минтақаи Ҳисор тибқи моддаи 31 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №439 «Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №690 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» санҷишҳои ногаҳонӣ гузаронида шуд. Санҷиш дар филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Цзинянь инхай» Хишти Варзоб» гузаронида шуд, ки дар рафти    санҷиш муайян карда шуд, ки 2 нафар кормандони кироя, дар ҷамъияти мазкур зиёда аз ду моҳ фаъолияти корӣ доранд ва бо онҳо шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста нашудааст. Илова бар ин дар ошхонаи «Ҳушёрӣ №1», ки ба соҳибкори инфиродӣ Ҷумаев Файзиддин таалуқ дорад, бо ду нафар кормандони кироя, ки зиёда аз ду моҳ мешавад, ки дар ошхона фаъолият менамоянд миёни корфармо бо кормандони кироя шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста нашудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷамъиятҳо (корхонаҳо)-и зикршуда нисбати онҳо амали қонунгузории меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз ҷумла, риояи талаботи сархати 2, банди 2 моддаи 19, моддаи 26 ва моддаи 52 кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корфармоён ба таври дахлдор риоя карда нашудааст.

Дар натиҷа барои ғайрирасмӣ, яъне бе бастани шартномат меҳнатӣ ба кор ҷалб намудани кормандони кироя нисбати корфармоён тибқи талаботи сархати 2, қисми 1 моддаи 94, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи бист нишондиҳанда 2400 сомонӣ  барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шуд.

Риоя накардани қодаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, аз ҷумла ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ таъмин накардани кормандон бо либосҳои махсуси корӣ ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ  ва дар муҳлати муқарраргардида ба кормандон надодани дастурҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва омӯзиши усулҳои бехатарӣ дар кор нисбати масъулин оид ба ҳифзи меҳнат дар филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Цзинянь инхай» Хишти Варзоб» дар ҳаҷми бист нишондиҳнанда (1200 сомонӣ), нисбати муҳандиси Хадамоти меҳнат ва бехатарии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корхонаи бойгардонии Такоб» дар ҳаҷми бист нишондиҳнада (1200 сомонӣ), дар маҷмуъ нисбати се корфармоён дар асоси талаботи моддаи 133 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи бист нишондиҳанда 3600 сомонӣ барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рафти гузаронидани санҷиш иловатан оид ба мафҳум ва муҳтавои қонунгузорӣ оид ба меҳнат бо кормандони корхонаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, оид ба риояи онҳо ёрии амалӣ, тавсияҳои методӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Мудири бахши Хадамот дар минтақаи Ҳисор           Абдуллозода М.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика