ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Рашт

  1. Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Рашт — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 970 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари бахш

—  -таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

— кор карда тавонистан бо компютер.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷатҳои

зерин пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраргардида);

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи  меҳнатӣ

надорад);

— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УБ;

— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

— эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

— нусхаи шиноснома;

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне,ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд;

— маълумотнома аз СИТ (ИЦ) ВКД (оиди надоштани доғи судӣ );

— маълумотнома аз ҷои истиқомат.

— маълумотнома (справка-объективка);

— хислатнома;

— дело (скоросшиватель);

Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз рўзи нашри эълони мазкур дар мўҳлати  21 рўз аз тарафи бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  воқеъ дар  шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, бинои Борбад-71, ошёнаи дуюм, утоқи кории-15  қабул карда мешаванд.

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз санаи нашри эълон на камтар аз 21 рӯз.

Сомонаи Хадамот: www.nozirot.tj (www.khnm.tj)

Телефон барои тамос: 231-47-71.

 

Фармоиш

Саволнома

Дастурамал

Яндекс.Метрика