ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ РАСМИИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ! Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (минбаъд — Хадамот) мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои назорату санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият (минбаъд, ташкилот), соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, анҷом медиҳад.

Тартиби пардохти кӯмакпулӣ аз ҷониби корфармо барои аз кор рафтан

Тибқи муқаррароти моддаи  42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 19 ҳолати бо ташаббуси корфармо қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ ва дар моддаи 48 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад 7 ҳолати қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд, муқаррар карда шудааст.

Моддаи 51 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар 5 ҳолати бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо (бо асосҳои пешбиникардаи сархатҳои якум, дуюм, панҷум, понздаҳум ва шонздаҳуми қисми 1 моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва бо асосҳои пешбиникардаи сархатҳои 1,2,3,6,7 қисми 1 моддаи 48 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои ба  корманд додани кӯмакпулиро муайян кардааст, ки ҳаҷми он ҳангоми аз кор рафтан набояд аз се маоши миёнаи моҳонаи корманд камтар бошад.

Вобаста ба ғамхории махсуси иҷтимоӣ ва бо мақсади нигоҳ доштани собиқаи бефосилаи кории кормандон моддаи 169 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, танҳо масъалаи додани кӯмакпулиро ба кормандони аз кор озодшаванда бо сабаби ихтисор шудани  воҳиди корӣ ё тағйир ёфтани шароити меҳнат ба танзим даровардааст.

Дар ин маврид ҳаҷми кӯмакпулӣ ва мӯҳлати додани он кафолат дода шудааст. Дар мавриде, ки корманди аз кор озодшуда дар дигар ҷой соҳиби кор шуда бошад, он гоҳ барои ӯ кӯмакпулӣ барои аз корравӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи якмоҳа дода мешавад.  Ҳамзамон, дар ҳолати дар дигар ҷой соҳиби кор нашудан шартҳои нигоҳ доштани музди миёнаи якмоҳаро дар давраи моҳи дуюм ва сеюми аз кор озод шудани корманд низ муқаррар кардааст.

Шарти аввал аз он иборат аст, ки аз рӯи қоида корманди бо сабаби ихтисор шудани воҳиди корӣ ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз кор озодшуда дар мӯҳлати 10 рӯзи баъди аз кор озод шудан сари вақт ба мақомоти шуғли аҳолии мавқеи зист барои ба кор таъмин кардан бояд муроҷиат намояд. Агар корманд баъди муроҷиат ба кор таъмин нашуда бошад, он гоҳ дар асоси  қарори мақомоти шуғли аҳолӣ  кӯмакпулии зикргардидаи давраи моҳи дуюм ва сеюми аз кор озодшуда дода мешавад.

Дар ҳама ҳолатҳо ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани воҳиди корӣ ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз ташкилот озод мегарданд бо назардошти муқаррароти моддаи мазкур дар давраи се моҳ аз лаҳзаи аз кор озодшавӣ музди миёнаи меҳнатиашон нигоҳ дошта мешавад, ки ҳар моҳ аз ҳисоби корфармо пардохт карда мешавад.

Инчунин, ба кормандони ихтсоршаванда, кафолатҳои иловагӣ ба амсоли ҳуқуқҳои афзалиятнок барои дар кор мондан, мувофиқаи қарори корфармо дар бораи ихтисори дарпешистода бо кумитаи иттифоқи касаба, ду моҳ пеш огоҳонидан дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ, дар давраи огоҳонӣ ҳуқӯқи корманд барои ҷустуҷӯи кори дигар ҳафтае на камтар аз як рӯз ба кор набаромадан бо нигоҳ доштани музди меҳнат кафолат дода мешавад.

Ҳамзамон, тибқи муқаррароти қисми 3 моддаи 45 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо дар асоси созиши тарафҳо, ки аз рӯи асоси зикршуда шартномати меҳнатиро бо корманд қатъ менамояд, метавонад то ба охир расидани мӯҳлати огоҳонӣ бо пардохти ҷубронпулӣ  дар ҳаҷми на камтар аз музди меҳнати миёнаи моҳона шартномаи меҳнатиро  бо корманди ихтисоршуда бекор намояд.

Барои аз тарафи корфармо риоя накардани кафолатҳои тибқи қонунгузорӣ оид ба меҳнат муқарраргардида мутобиқи талаботи моддаи 94 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ба шахсони  мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  Шӯъбаи назорати давлатӣ

 дар соҳаи муҳоҷират 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика