ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ РАСМИИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ! Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (минбаъд — Хадамот) мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои назорату санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият (минбаъд, ташкилот), соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, анҷом медиҳад.

Парчами давлатӣ- рамзи давлатдории тоҷикон

Имрӯз санаи 24 ноябри соли равон дар толори  Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир гардид,

Чорабинии тантанавӣ  бо ифтихори гиромидошти Парчам ва рамзҳои муқаддасоти миллии  давлат бо иҷрои дастаҷамъонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳозирин оғоз гардид.

Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Д.Ҳ. зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро бо ин рӯзи муқаддас табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки  анъанаи парчамдории халқи мо аз  таърихи чандинҳазорсола сарчашма мегирад, маҳз аҷдодони мо  ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии давлатдориву парчамдориро тай намуданд.

Қайд гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул шуд.

Гуфта шуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддас ва давлати соҳибистиқлол таҷлил менамоянд. Парчами давлатӣ  муаррифи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.

Имрӯз  Парчам барои мо нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз  бо итминони комил бояд гуфт, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии диёрамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем гашт

Маърӯзаи Ормониён Б. мутахассиси пешбари  шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳи шуғли аҳолӣ  таҳти унвони «Парчамат парафшон бод Тоҷикистон» шунида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 11 сол пеш аз ин, 24 ноябри соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бунёди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфта, 30 августи соли 2011 дар пояи 165 метр, ки дар ҷаҳон баландтарин маҳсуб меёфт, он парафшон гардид.

Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ Сардори Хадамот бори дигар ҳамаи кормандонро ба ифтихори  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо  саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти кориатон муваффақиятҳои рӯзафзун таманно намуд.

Чорабинии идона бо иҷрои дастаҷамъонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба анҷом расид.

                             Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

                              муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика