ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ РАСМИИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ! Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (минбаъд — Хадамот) мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои назорату санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият (минбаъд, ташкилот), соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, анҷом медиҳад.

Низомномаи Хадамот

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
  2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба миқдори 60 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 29 воҳид тасдиқ карда шавад.
  3. Ба Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иҷозат дода шавад, ки як муовини Сардор дошта бошад.
  4. Барои дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ миқдори автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 3 адад муқаррар карда шавад.
  5. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешбинигардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
  6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 104 «Дар бораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 

 

 

 

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «3» майи соли 2014, № 299 тасдиқ шудааст

 

Низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

1. Муқаррароти умумӣ

  1. Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (минбаъд — Хадамот) мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои назорату санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият (минбаъд, ташкилот), соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, анҷом медиҳад.
  2. Хадамот ба Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст.
  3. Хадамот фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва фармоишҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
  4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

2. Вазифаҳои Хадамот

  1. Хадамот вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

— мусоидат ба риояи қонунгузории меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;

— мусоидат ба таъмини имтиёз ва пардохтҳо барои кормандоне, ки дар шароити вазнини меҳнат кор мекунанд;

— мусоидат ба рушди шарикии иҷтимоӣ байни корфармо ва иттифоқҳои касаба;

— мусоидат ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии корфармо ва кормандон оид ба қонунгузории меҳнат, ҳифз ва шароити меҳнат, муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ), экологӣ ва шуғли аҳолӣ;

— мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ташкили бозори меҳнат, ҷойҳои кории нав ва нигоҳдории ҷойҳои кории амалкунанда;

— дигар вазифаҳое, ки ба рушди соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мусоидат менамоянд.

  1. Хадамот назорату санҷишҳои давлатиро дар самтҳои зерин анҷом медиҳад:

— риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи меҳнат, ҳифз ва шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;

— иҷрои ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва риояи шароити бехатарии меҳнат, инчунин ҳифзи кормандон аз амалҳои ғайриқонунии корфармоён, шахсони мансабдор ва шахсони дигари масъули ташкилотҳо;

— дуруст ва сари вақт пардохт намудани музди меҳнат ва дигар пардохтҳое, ки аз ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон бармеоянд;

— истифодаи дурусти рўйхати истеҳсолот, касбу корҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳо;

— иҷрои чорабиниҳои ҳифз ва бехатарии меҳнат, пешниҳоди имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳои муқарраршуда, либос ва пойафзоли махсуси корӣ, воситаҳои муҳофизати фардӣ — гигиенӣ, шир ва ғизои профилактикӣ ба кормандоне, ки дар корҳои вазнин, зараровар, хавфнок ва дорои шароити номусоиди меҳнат фаъолият доранд;

— дурустии таъин ва пардохти ҷуброни зараре, ки ба саломатии кормандон ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ расонида шудааст;

— аз тарафи ташкилот, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ риоя гардидани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва ҷорӣ намудани воситаҳои муосири ҳифзи меҳнат, ки ҷароҳатбардориҳои истеҳсолӣ ва ба бемориҳои касбӣ гирифторшавиро пешгирӣ менамоянд;

— аз ҷониби тарафҳо иҷро гардидани ўҳдадориҳо аз рўи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ;

— мувофиқи тартиби муқарраргардида гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ оид ба шароити меҳнат дар ташкилотҳо;

— риояи қонунгузории меҳнат дар истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон;

— воқеияти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барҳамдиҳии ҷойҳои кори амалкунанда;

— бо кор таъмин намудани шаҳрвандон, бахусус занон ва ҷавонон;

— дар доираи квотаи муқарраргардида бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷдошта, ки дар бозори меҳнат ба рақобат тобовар нестанд;

— риояи тартиби пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби корфармоён ба мақомоти ваколатдор;

— риояи тартиби ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб намудани шаҳрвандони бекор;

— риояи тартиби расонидани хизматҳои машваратӣ ва дастгирии ташаббуси фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ;

— риояи тартиби баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод;

— тайёрии касбӣ, бозомўзӣ, таҷрибаомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ваколатҳои Хадамот

  1. Хадамот бо мақсади таъмини вазифаҳо дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида ваколат дорад:

— бо мақсади гузаронидани назорат ва санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ташкилот, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, тибқи тартиби муқарраргардида ташриф орад;

— барои таъмини татбиқи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ санҷишҳои мақсаднок ва ногаҳонӣ гузаронад;

— дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ вобаста ба риояи қонунгузории меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ санҷишҳои муштарак гузаронад;

— экспертизаи шароити меҳнатро дар ташкилотҳои амалкунанда ва навтаъсис гузаронад;

— дар бораи риоя намудани талаботи ҳифзи меҳнат ҳангоми сохтмон, таҷдиди иншооти истеҳсолӣ, мошинҳо ва механизмҳо хулоса диҳад;

— вазифаҳои ихтиёрдори асосӣ ва қабулкунандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои нигоҳдории Хадамот ва татбиқи вазифаҳои ба он вогузоршуда пешбинӣ гардидаанд, иҷро намояд;

— оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи меҳнат, ҳифзи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешниҳодҳо таҳия намояд;

— оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин ба корфармоён ва кормандон дар омўхтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чораҳо андешад;

— ҳангоми назорату санҷишҳои давлатӣ далелҳои тасдиқкунандаро нусхабардорӣ, акс ва ба навор гирад;

— мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертиро (шўроҳо, комиссияҳо, гурўҳҳои машваратӣ) дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида таъсис диҳад;

— маводҳоро оид ба ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин иҷро накардани дастурҳои Хадамот, ки дар асоси назорату санҷишҳо дода шудаанд, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба суд ва дигар мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд;

— мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳо, қитъаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродиро то бартараф гардидани вайронкуниҳои талаботи ҳифзи меҳнат, агар фаъолияти онҳо ба ҳаёт ва саломатии кормандон таҳдид кунад, боздорад;

— истифодабарии минбаъдаи либосу пойафзоли махсуси корӣ ва воситаҳои муҳофӣзати инфиродиро дар сурати ба талаботи стандартҳо ва шартҳои техникӣ мутобиқат накардани онҳо манъ кунад;

— чораҳои маҳдудкунанда, огоҳкунанда ва пешгирикунандаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба роҳ надодан ва қатъ кардани вайронкуниҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ равона гардидаанд, инчунин чораҳои аз байн бурдани оқибатҳои вайронкуниҳои номбурдаро истифода барад;

— дар мўҳлатҳои муқарраргардида аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳо оид ба шароити меҳнат, техникаи бехатарӣ, шуғл, ҷароҳатбардории истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ маълумот дархост намояд ва гирад;

— аз мақомоти давлатии омор оид ба меҳнат, музди меҳнат ва рушди иҷтимоӣ маълумоти оморӣ дархост намояд;

— ба роҳбарони ташкилотҳо дар бораи бекор кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошанд, амрномаҳои иҷрояшон ҳатмӣ диҳад;

— мутахассисони идораҳо, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва дигар ташкилотҳоро ҷиҳати баррасӣ ва таҳияи масъалаҳо оид ба ҳифз ва шароити меҳнат, гузаронидани машваратҳо, экспертизаҳо ва ҳамчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои санҷиш ҷалб намояд;

— дар асоси шартнома бо тарафҳои манфиатдор доир ба гузаронидани экспертиза ва аттестатсияи шароити меҳнати ҷойҳои корӣ, ченкуниҳои лаборатории омилҳои зараровари муҳити истеҳсолӣ, баҳсҳои меҳнатӣ конфронсу семинарҳо гузаронад, оид ба масъалаҳои меҳнат маслиҳатҳои ҳуқуқӣ диҳад;

— дигар ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд.

4. Ташкили фаъолият

  1. Ба Хадамот Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
  2. Сардори Хадамот як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
  3. Сардори Хадамот:

— роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказии Хадамотро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

— сардорони сохторҳои Хадамотро дар маҳал ва кормандони онҳоро тибқи тартиби қонунгузорӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

— низомномаҳои сохторҳои Дастгоҳи марказӣ ва маҳаллии Хадамотро тасдиқ менамояд;

— дар доираи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида шумораи кормандон, фонди музди меҳнат ва рўйхати штатии Дастгоҳи марказии Хадамотро тибқи талаботи намунавӣ ва харҷномаи таъминоти онро барои тасдиқ намудан ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

— дар доираи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида шумораи кормандон, фонди музди меҳнат ва рўйхати штатии вазифаҳои мақомоти дар Нақшаи идоракунии Хадамот пешбинигардида, инчунин харҷномаи таъминоти онҳоро дар доираи маблағҳои буҷетии барои давраи дахлдор пешбинигардида тасдиқ менамояд.

  1. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мўҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи худ ба забони давлатӣ, мўҳрҳо, штампҳо ва бланкаҳои дахлдор буда, аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

 

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «3» майи соли 2014, № 299

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Роҳбарият

Шўъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат

Шўъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират

Шўъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ

Шўъбаи ҳуқуқ

Бахши экспертизаи давлатии шароити меҳнат

Бахши умумӣ ва хоҷагидорӣ

Бахши баҳисобгирии муҳосибавӣ ва банақшагирӣ

Бахши кадрҳо

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «3» майи соли 2014, № 299

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Дастгоҳи марказӣ

Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд

Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон

Шўъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

 

Яндекс.Метрика