ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ РАСМИИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ! Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (минбаъд — Хадамот) мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои назорату санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият (минбаъд, ташкилот), соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, анҷом медиҳад.

Мукофотҳои арзанда муборак!

Бахшида ба ифтихори 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷабборзода Гулрӯ аз 8 сентябри соли 2020, №10-м:

Муродзода Дустмурод Ҳайит — сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои  фаъолияти тӯлонӣ ва пурсамар дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо нишони «Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» сарфароз гардонида шуд;

Қаюмзода Акобир Абдухалил —  сармутахассиси шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои дастовардҳои хуби касбӣ дар рушди соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо «Ифтихорнома»-и  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  сарфароз гардонида шуд.

Инчунин, мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз санаи 14 июли соли 2020, №1571  Шарифзода Маҳмадсалим Пир – сардори шуъбаи  Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  дар шаҳри Душанбе барои фаъолияти тӯлонӣ ва комёбиҳои меҳнатӣ бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.

Ҳамаи он кормандоне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти олии давлатӣ  ва соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта ба онҳо барору комёбӣ ва саодати зиндагиро орзу дорем.

                                                                  Хадамоти назорати давлатӣ дар сохаи меҳнат,

                                                                   муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика